ҲУНАРМАНДОН ДАР «ШЕРИ ТИЛЛОӢ»

Октябрь 1, 2010 12:04

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) – 12 нафар ҳунармандони гурӯҳи эҷодии театри давлатии ба номи М. Воҳидов дирӯз ба шаҳри Лвови Украина баҳри иштирок дар фестивали театрии байналмиллалии «Золотой Лев» (Шери тиллоӣ), ки имрӯз ифтитоҳ меёбад, сафар намуданд. Гурӯҳи мазкурро директори театр Саид Абдуллоев роҳбарӣ мекунад.               Тибқи суханони ӯ ҳунармандони театр яке аз намоишномаҳои беҳтарин-«Чашмони бародари киёматӣ»-ро дар таҳияи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров ба тамошобинон пешкаш менамоянд. Дар чаҳорчӯби фестивал намоишномаҳои театрҳои Украина, аз ҷумла театри Лвов, ҳамчунин,  ҳунармандон аз Полша, Австрия, Русия, Шотландия ва Венгрия тӯли ҳафт рӯз бо намоишҳои рангини худ табъи сокинон ва меҳмононро хуш менамоянд.     Ёдовар мешавем, ки "Золотой Лев" фестивали театрии ҳарсола ба шумор меравад, ки тибқи анъана дар кӯча ва театрҳои пӯшида баргузор мегардад.

Октябрь 1, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд