ҲУНАРМАНДОН ДАР «ШЕРИ ТИЛЛОӢ»
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) – 12 нафар ҳунармандони гурӯҳи эҷодии театри давлатии ба номи М. Воҳидов дирӯз ба шаҳри Лвови Украина баҳри иштирок дар фестивали театрии байналмиллалии «Золотой Лев» (Шери тиллоӣ), ки имрӯз ифтитоҳ меёбад, сафар намуданд. Гурӯҳи мазкурро директори театр Саид Абдуллоев роҳбарӣ мекунад. Тибқи суханони ӯ ҳунармандони театр яке аз намоишномаҳои беҳтарин-«Чашмони бародари киёматӣ»-ро дар таҳияи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров ба тамошобинон пешкаш менамоянд. Дар чаҳорчӯби фестивал намоишномаҳои театрҳои Украина, аз ҷумла театри Лвов, ҳамчунин, ҳунармандон аз Полша, Австрия, Русия, Шотландия ва Венгрия тӯли ҳафт рӯз бо намоишҳои рангини худ табъи сокинон ва меҳмононро хуш менамоянд. Ёдовар мешавем, ки "Золотой Лев" фестивали театрии ҳарсола ба шумор меравад, ки тибқи анъана дар кӯча ва театрҳои пӯшида баргузор мегардад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






