БАҚИЯИ ҚАРЗИ АНДОЗ КАМ МЕГАРДАД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).- Дар ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд якбора 3,5 миллион сомонӣ бақияи қарзи андозҳо кам гардид.Дар ин бора ба мо аз Нозироти андози ноҳияи мазкур хабар доданд. Пардохти маблағҳои қарзи андоз пеш аз ҳама бо шарофати сари вақт гузаронидани корҳои тарғиботӣ, семинар ва дигар чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ рӯи кор омадааст. Айни замон бақияи қарзи андозҳои ин ноҳия аз 8 миллион сомонӣ зиёдтар аст.Масъулини Нозироти андози ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баҳри кам кардани бақияи қарзи андозҳо корҳои тарғиботиро тақвият дода, соҳибкорони ноҳияро ба масъулиятшиносӣ даъват менамоянд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






