БТРА ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ НАВ САҲМ МЕГИРАД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Масоили кунунӣ ва дурнамои вазъи иқтисодӣ ва рушди тиҷорат дар Тоҷикистон, имрӯз зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев бо Сардори намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (БТРА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Улф Хиндстром муҳокима гардид. Аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот оид ба асоснокии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи лизинг, рушди бахши хусусӣ, дастгирии бахши молиявӣ ва асъори миллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузориро аз ҷониби бонки мазкур дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои автомобилгард, таҷдиди парки троллейбусҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зарур шумориданд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






