КОНФРОНСИ ИЛМӢ — АМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти корманди ташкилоти кӯмакрасони ғайридавлатии «СПИД Фонд Восток- Запад»-и Голландия Дилшод Пӯлодов, 6-7 –уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси 2- юми илмӣ — амалии Осиёи Марказӣ оид ба ВИЧ/сил дар мавзӯи «Роҳ барои дастрасии ҳаматарафа» доир мегардад. Дар кори Конфронс ширкати беш аз 100 намояндаи хизмати давлатии тандурустӣ, муассисаҳои таълимӣ, соҳаи муассисаҳои ислоҳоти ҷиноятӣ ва аъзои гурӯҳи корӣ оид ба мавзӯи ВИЧ/сил аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ки барномаҳоеро дар соҳаи ВИЧ/сил роҳандозӣ кардаанд, ширкат меварзанд. Ба гуфти ҳамин манбаъ, иштирокдорони Конфронс вазъи эпидемиявиро дар соҳаи ВИЧ/сил дар Осиёи Марказӣ ба миён мегузоранд. Дар рафти Конфронс тадбирҳои пешгирии ин беморӣ, табобат, парастории бемор ва нақши ташкилоти ғайридавлатӣ ва кӯмакрасон дар паст кардани бактерияҳои сил мавриди баҳс қарор мегиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд






