МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ МОДУЛӢ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Маркази таълимии омӯзиши модулӣ моҳи январи соли 2003 ташкил шуда, ҳамчун ташкилоти мустақил шомили сохтори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Марказ нахустин муассисаи таълимӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки бо пешниҳоди Ташкилоти байналмилалии меҳнат таълим дар он аз рӯи технологияи модулӣ ба роҳ монда шудааст. Масъалаи аввалиндараҷаи Марказ таълими шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатӣ, хизматчиёни ҳарбии аз хизмат озодшуда ва аҳли оилаи онҳо ва дигар шаҳрвандоне мебошад, ки хоҳиши гирифтан ё иваз намудани ихтисосашонро доранд. Марказ мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат мувофиқро аз рӯи ихтисосҳои муҳосиби донандаи компютер, истифодабарандаи компютери фардӣ, дуредгар, кафшергари барқӣ, фермер (замбӯрпарвар), челонгари таъмири автомобилҳо, чакандӯзӣ, челонгари таъмири асбоби техникии рӯзгор, дӯзанда ва кафшергари газӣ тайёр мекунад. Бояд гуфт, ки маркази модулӣ дорои кормандонест, ки таълимро дар маркази байналмиллалии омӯзиши модулии шаҳри Санкт- Петербурги Руссия ва дигар марказҳои байналмилалӣ гирифтаанд. Марказ солҳои 2004 – 2005 лоиҳаи «Оид ба дастгирии маълумоти касбию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълими мақсадноки гурӯҳҳои осебдида» — ро иҷро намудааст. Лоиҳаро Агентии Байналмилалии Шветсия оид ба тараққиёт (Sadi) маблағгузорӣ кардааст. Солҳои 2008 – 2009 Марказ лоиҳаи «Пешниҳоди донишу малакаи касбӣ ва иҷтимоӣ – ҳуқуқӣ барои бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» — ро иҷро кард. Лоиҳаро Созмони Милали Муттаҳид маблағгузорӣ кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад






