МИНЕРАЛНОКИИ ОБҲО БАЛАНД АСТ
Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ҳарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди оби нӯшокӣ бошад ҳам, 50 дар сади обе, ки барои таъмини аҳолӣ истифода мегардад, минералнокии баланд дорад», таъкид кард зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев дар иҷлосияи дуюми палатаи поёнии парлумони мамлакат. Мавсуф изҳор дошт, ки системаи мутамаркази обтаъминкунӣ барои 58, 1 % аҳолӣ, бахусус дар шаҳр ва шаҳракҳо барои 95,3 % ва дар деҳот барои 44, 2 % аҳолӣ дастрас буда, меъёрҳои муқарраргардидаи талаботи санитарию гигиенӣ на ҳама вақт мутобиқат мекунанд. Ҳамзамон, А. Миралиев афзуд, ки ҷиҳати ноил шудан ба пешрафти ин соҳа Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






