НӮҲ МОҲИ БОБАРОРИ ФАЙЗОБОД
Файзобод, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).-Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Файзобод Ҳукуматулло Қодиров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоатҳои ноҳияи Файзобод дар масоҳати умумии 3468 гектар зироати ғалладонагӣ, дар 423 гектар зироатҳои техникӣ, дар 78 гектар картошка ва дар 132 гектар сабзавот парвариш намуданд. Ҳукуматулло Қодиров афзуд, ки ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ 4350 тонна картошка, 5529 тонна сабзавот, 61 тонна зироатҳои полезӣ, 552 тонна мева, 75 тонна ангур истеҳсол намуда, барои зимистонгузаронии чорво 17337 тонна хӯроки дурушт, аз ҷумла 2570 тонна тарбеда, 11000 тонна алaф ва 3766 тонна коҳ захира намудаанд. Дар ноҳияи Файзобод соли ҷорӣ мувофиқи нақша дар 500 гектар боғҳои нави замонавӣ ва дар 110 гектар токзор бунёд мегардад. Деҳқонони ноҳия соли ҷорӣ 242 гектар боғи кӯҳна ва 35 гектар токзорро барқарор намуданд. Хоҷагидорони ноҳия дар 9 моҳи соли ҷорӣ 582 тонна гӯшт, 5452 тонна шир, 34, 3 тонна пашм, 54108 ҳазор дона тухм, 43,3 тонна асал ва 2, 5 тонна пилла истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст,- афзуд дар охири сӯҳбат Ҳукуматулло Қодиров.








Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






