НАХУСТИН ГУРӮҲИ ЗОЙИРИНИ ТОҶИК БА АРАБИСТОН МЕРАВАНД

Октябрь 14, 2010 15:36

Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соли равон беш аз 5 ҳазор зойирини Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба зиёрати хонаи Худо рафта,  маросими ҳаҷҷи акбарро ба ҷо меоранд, ки 566 нафарашонро сокинони Душанбе ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ҳаҷҷи Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов иттилоъ дод.       Мавсуф афзуд, ки сафари гурӯҳи нахустини шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ 24 октябр оғоз гардида, то 2 ноябр  идома меёбад. Дар соли  равон  хароҷоти маросими ҳаҷ  3 ҳазору 191 $ амрикоиро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли гузашта 151 $ арзон мебошад. Ба он дохил мешавад чиптаи ҳавопаймо (1400 $), истиқомат ба муддати 30 рӯз дар меҳмонхона (1035 $),  пардохти боҷи шоҳӣ (275 $), хӯрокӣ (180 $), хизмати роҳбаладон (102 $),  хизмати корҳои Кумитаи дин (92 $),  маросими қурбонӣ (85 $). Синни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки маросими ҳаҷро адо мекунанд,  аз 18 то 80 сола аст. Ба ҳар як гурӯҳ, ки аз 45 нафар зоирин иборат аст, 1 нафар роҳбалад рост меояд. Роҳбаладони зойирин намояндагони дину уламо буда, донандаи хуби амокини муқаддас ва забони арабӣ мебошанд.         А. Юсуфов афзуд, ки дар маросими ҳаҷҷи имсола шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ,  ба мисли «Тоҷик-Эйр» ва «Сомон-Эйр» аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва шаҳри Хуҷанд тавассути хатсайрҳои Душанбе-Ҷидда ва Ҳуҷанд-  Ҷидда озими Арабистони Саудӣ мегарданд. Бозгашти зойирини тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон аз 22 ноябр шурӯъ гардида,  7 декабр анҷом меёбад.

Октябрь 14, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд