НИЁЗИ ХОҶАГИИ КОММУНАЛӢ БА АЗНАВСОЗӢ

Октябрь 13, 2010 16:17

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар нӯҳ моҳи   соли равон корхонаҳои тобеи корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба маблағи 39002,8  ҳазор сомонӣ хизмат расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2009 13,2% зиёд аст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамаи намуди фаъолияти молиявии худ корхонаҳои соҳа 2514,1 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали  директор Абдулҳамид Сайфуллоев. Маблағи хизматрасонии корхонаҳои фаръии ХМК 18563,9 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15, 3% зиёд буда, маблағи фоида 1079,7 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳамчунин, мавсуф  зикр намуд,  ки: «КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» пешбурди сиёсати ягонаи истифодабарӣ ва ҳамоҳангсозии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналиро дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин намуда, масъалаҳои истеҳсолот, рушду азнавсозии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии коммуналӣ, болоравии сатҳи истифодабарӣ ва нигоҳдории фонди манзил, тозагии санитарӣ дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ, (ба ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Норак, Сарбанд ва Роғун), таъмини гармӣ, обтаъминкунӣ ва канализатсия, бақайдгирии техникии иншооти гуногунро дар қаламрави ҷумҳурӣ таъмин менамояд».

Октябрь 13, 2010 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид