ПАХТАКОРОНИ СУҒД БА МАРРА НАЗДИК МЕШАВАНД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз барои мададрасонӣ дар ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳкон – пахта гурӯҳи калони ҳашарчиён аз шаҳри Хуҷанд озими ноҳияи Зафаробод шуданд. Кормандони соҳаҳои саноат, сохтмон, алоқа, нақлиёт, савдо, хизматрасонии маишӣ, ҳамчунин, кормандони соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷамъоварии пахта ҳампаҳлӯи деҳқононанд. Вобаста ба вазъи мусоиди ҳаво ҳашарчиён кӯшиш доранд ҳарчи бештар пахта чида, ба хирмани умум резанд, то ки ҳосили бобаракат зери барфу борон намонад. Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилояти Суғд то имрӯз хоҷагиҳои пахтакори вилоят 83357 тонна пахта ҷамъ оварда, ба нуқтаҳои қабул супориданд, ки ин баробари 90,61 фоизи накшаи солона аст. Ёдовар мешавем, ки ноҳияҳои Айнӣ, Конибодом, Истаравшан ва Мастчоҳ нақшаи пахтасупориро бомуваффақият иҷро карданд ва алҳол ба ҳисоби ӯҳдадорӣ пахта мечинанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






