ТАДБИРҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

Октябрь 20, 2010 08:58

Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Вазорати кишоварзӣ ва кормандони зертобеи он дар 9 моҳи соли ҷорӣ оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ чораҳои мушаххас андешида, дар  баланд бардоштани арзиши умумии маҳсулот, зиёд намудани ҳаҷми он, сари вақт ба охир расонидани кишти такрорӣ  саҳми назаррас доранд.      Дастурҳои саривақтии Президенти ҶТ ба  фаъолияти роҳбарият, мутахассисон ва корхонаҳои зертобеи вазорат, Сарраёсат, раёсатҳои кишоварзии вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо такони ҷиддӣ дод,- гуфт муовини вазири кишоварзӣ Сиҷоуддин Исроилов зимни баргузории конфронси матбуотӣ ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар.    Тадбирҳои андешидашуда  дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба баланд бардоштани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ мусоидат намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 5 млрд. 977,9 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 397 млн. 715 ҳазор сомонӣ зиёд аст.    Дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 1 млн. 181 ҳазор тонна  зироати ғалладона, 176 ҳазору  490 тонна пахта, 474 ҳазору 686 тонна сабзавот, 382 ҳазору 41 тонна полезиҳо, 438 ҳазору 508 тонна картошка,153 ҳазору 946 тонна мева, 88 ҳазору 79 тонна гӯшт, 441 ҳазору 489 тонна шир, 162 млн. 906 ҳазор дона тухм истеҳсол   шудааст.    Ҳамаи  ин муваффақиятҳо натиҷаи  тавсияҳои судманди  олимону мутахассисони соҳаи  кишоварзӣ аст, ки аз ҷониби хоҷагидорон  хуб дастгирӣ ёфта, дар рушди бемайлони иқтисодиёти кишвар мусоидат намуд,- афзуд С. Исроилов.

Октябрь 20, 2010 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид