ҒОЛИБИ ВЕЛОМАРАФОН КИСТ?
Душанбе, 24 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Варзишгар Ренат Ботершин, ки сокини Душанбе аст, дар чорабинии варзишӣ-оммавии веломарафон, дар масофаи 21 километр зинаи аввалро соҳиб шуд. Чорабинии мазкур ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар асоси қарори шаҳрдорӣ доир гардид. Ҷойҳои дуюм ва саввумро Баҳром Шодиев ва Дмитрий Сангинов, байни духтарон бошад зинаи аввалро Беҳрӯза Саидова ва ҷойҳои дуюму сеюмро Заррина Ҳайдарова ва Алия Ботершина касб карданд. Тамоми ғолибони веломарафон бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот ва сарпарасти чорабинӣ — ширкати алоқаи мобилии «МЛТ» сарфароз гардиданд. Тибқи иттилои сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов дар веломарафон варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди варзиш, ки синнашон аз 16 сола боло буд, иштирок намуданд. Хатсайри ҳаракати веломарафон аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ наздикии Наврӯзгоҳи шаҳрӣ (КВД "Ипподром") оғоз гардида, то ба самти постгоҳи дар «Чорбоғ» будаи БДА сурат гирифт. Самти бозгашти он аз хиёбони Рӯдакӣ ба сӯи хиёбони Исмоили Сомониро дар бар гирифта, нуқтаи анҷомаш варзишгоҳи марказӣ буд. Баргузории ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа буда, аз ифтихори миллӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон шаҳодат медиҳад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






