ҚАБУЛИ ҚОНУНИ САЛОМАТӢ
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»- ро қабул кард. Сарвари давлат ҳанӯз 30 – юми апрели соли 2005 тибқи протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдуд намудани истифодаи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ супориш дода буд. Аз супориши Сарвари давлат 5 сол сипарӣ шуд ва лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд, ки мақсад аз он кам кардан ва пешгирӣ намудани бемориҳои ба тамоку вобаста аст. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон – «Ховар» миёни ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ягона Агентӣ аст, ки аз 45 нафар кормандони эҷодӣ ягон нафари он ба тамокукашӣ майлу рағбат надоранд ва дигаронро низ барои ҳамроҳ шудан ба ин иқдом даъват мекунанд. Хеле хуб аст, ки Қонун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамокукаширо манъ карда, барои истифодабарандагон ҷаримаи хеле калонро пешбинӣ намудааст. Боз ҳам беҳтар мебуд, агар ҷаримабандиро ба ихтиёри маъмурияти вазорату идораҳо гузошта, дар ҷаласаҳои коллективи кормандон нисбат ба тамокукашон қарорҳои ягона қабул мегардид,- иброз дошт Олег Дмитриевич Соболев, ки беш аз 50 сол хабарнигори Агентии мазкур аст ва 90 сол боз бесигор зиндагии беташвиш дорад.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






