ҚАБУЛИ ҚОНУНИ САЛОМАТӢ

Ноябрь 12, 2010 09:41

   Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»- ро қабул кард.      Сарвари давлат ҳанӯз 30 – юми апрели соли 2005 тибқи протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдуд намудани истифодаи сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ супориш дода буд. Аз супориши Сарвари давлат 5 сол сипарӣ шуд ва лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод  шуд, ки мақсад аз он кам кардан ва пешгирӣ намудани бемориҳои ба тамоку вобаста аст.    Бо ифтихор метавон гуфт, ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон – «Ховар» миёни ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ягона Агентӣ аст, ки аз 45 нафар кормандони эҷодӣ ягон нафари он ба тамокукашӣ майлу рағбат надоранд ва дигаронро низ барои ҳамроҳ шудан ба ин иқдом даъват мекунанд.    Хеле хуб аст, ки Қонун дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тамокукаширо манъ карда, барои истифодабарандагон ҷаримаи хеле калонро пешбинӣ намудааст. Боз ҳам  беҳтар мебуд, агар ҷаримабандиро ба ихтиёри маъмурияти вазорату идораҳо  гузошта,  дар  ҷаласаҳои коллективи кормандон  нисбат ба тамокукашон қарорҳои ягона қабул мегардид,- иброз дошт Олег Дмитриевич Соболев, ки беш аз 50 сол хабарнигори Агентии мазкур аст ва 90 сол боз бесигор зиндагии беташвиш дорад.  

Ноябрь 12, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад