ҚАФОМОНИИ ШУДГОР ВА КИШТИ ТИРАМОҲӢ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дурнамои шудгор ва кишти тирамоҳии зироати ғалладона, картошка ва сабзавоти барвақтӣ соли ҷорӣ 202 ҳазору 250 гектарро дар бар мегирад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) то имрӯз дар майдони 108 ҳазору 560 га (53,7 фоиз) заминро шудгор ва дар майдони 70 ҳазору 202 га кишти тирамоҳӣ гузарониданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 мутаносибан 31 ҳазору 500 ва 11 ҳазору 581 га зиёд аст. Бо вуҷуди он, тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, шудгор дар вилояти Суғд ба 93 фоиз ва кишти тирамоҳии зироати ғалладона, картошка ва сабзавоти барвақтӣ 73 фоиз, дар вилояти Хатлон шудгор 40 ва кишти тирамоҳӣ 27 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 41,8 фоиз шудгор ва 19 фоиз кишти тирамоҳӣ иҷро шудааст, ки он ба талаботи агротехникии кишти саривақтии тирамоҳӣ ҷавобгӯ нест. Танҳо дар сурати анҷоми саривақтии шудгор ва кишти тирамоҳӣ асоси баландҳосилӣ таъмин мегардад, ки он алҳол аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) иҷро нагардидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






