ҲАМКОРӢ – ГАРАВИ ПЕШРАВӢ

Ноябрь 24, 2010 14:01

Суғд, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳии  комиҷроияи вилоятии ҲХДТ доир шуд. Дар семинар зикр гардид, ки  комиҷроияи ҳизбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз оғози таъсисёбии ҲХДТ дар миқёси вилояти Суғд яке аз беҳтаринҳо  дониста мешавад. Аз ҷумла, дар самти мустаҳкам намудани базаи моддӣ- техникии комиҷроия низ корҳои муайян ба анҷом расида, бинои он аз таъмири куллӣ бароварда шуд. Утоқҳои корӣ дар баробари хушсифат таъмир шудан бо шиору овезаҳо, адабиёту дастурҳои методӣ, мизу курсӣ, ҷевону палос ва дигар лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шуда, беҳтарин шароити корӣ муҳайё гардид. Бо боварӣ гуфтан метавон, ки чунин шароит ҳоло дар ягон комиҷроияи дигари ҳизбии миқёси вилоят ба назар намерасад.   Аз ҷумла, аз нав бақайдгирии ҳамаи 5,5 ҳазор ҳизбиёни ноҳия бо варақаҳои аз комиҷрояи вилоятӣ дастрасгардида аллакай ба анҷом расида, онҳо дар шкафи оҳанин нигоҳдорӣ мешаванд. Наздик ба 40 адад бастаи ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ низ мувофиқи талабот таҳия шудаанд. Дар семинар раиси комиҷрояи ҳизбии ноҳияи Айнӣ оид ба сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳайати гурӯҳи кории  ҲХДТ гузориш дод. Вай бештар аз ҳаёт ва фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ, вазъи сиёсии кишвар, ҳамкории ҳизбҳои сиёсӣ, нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ва ғайра сухан ронда, дар фаъолияти ҲХДТ истифода бурдани таҷрибаи пешқадами аҳзоби сиёсии кишварро ба мақсад мувофиқ донист. Ҳамин тавр семинари дастурдиҳӣ дар сатҳи баланди тайёриву ташкилӣ доир шуд.

Ноябрь 24, 2010 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид