ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ ҲУКУМАТҲОИ СҲШ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар «Кохи Сомон»-и пойтахт ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он сарвазирони Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов, Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Вэн Тсзябао, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ботур Хоҷаев иштирок менамоянд, оғоз ёфт. Пеш аз оғози ҷаласса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳоро ба ҳузур пазируфт. Сипас, маросими аксбардории сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гашт. Чан лаҳза баъд ҷаласаи сарони ҳукуматҳо дар ҳайати маҳдуд баргузор мегардад. Ҳайати давлатҳои аъзо дар рафти ҷаласа оид ба вазъи кунунии сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин, оид ба масоили таъмини сулҳу оромӣ ва амният дар минтақаҳои давлатҳои аъзои СҲШ мубодилаи афкор намуда, вазъи дурнамои рушди тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона дар чаҳорчӯби Созмонро баррасӣ менамоянд. Аз рафти ҷаласа мо дар гузоришҳои минбаъда хабар медиҳем.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






