ҶАШНИ РЎЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ХАДАМОТИ ГУМРУК
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ба муносибати ҷашни рўзи Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар бинои марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони вазорат, намояндагони мақомоти судиву коршиносони соҳа ҷамъомади илмию амалӣ баргузор гардид. Дар рафти ин ҷашни бузурги миллӣ ёдрас шуданд, ки Сарқонуни кишвар мутобиқ ба тамоми меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, он ҳамчун кафили озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар кишвар ва танзимкунандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ҷомеаи демократӣ аз ҷониби 130 давлати дунё пазируфта шудааст. Конститутсияи мо баёнгари таносуби воқеии ҳамаи нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа ва кафили манфиатҳои мардум буда, ба бунёди давлате замина гузошт, ки баҳри хизмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои миллӣ амал мекунад. Бо ин мақсад, тамоми ҳайати шахсии Хадамоти гумрук фаъолияти худро пеш аз ҳама дар асоси Конститутсия ба роҳ монда, баҳри таъмини амнияти иқтисодӣ, ғанӣ гардонидани буҷаи мамлакат ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои гумрукӣ дар марзи кишвар талош меварзанд. Мавриди зикр аст, ки шонздаҳ сол муқаддам, рӯзи 6–уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади вокеан ҳам тақдирсоз ояндаи дурахшони ҷомеаи моро муайян намуд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






