272 СӮИҚАСД БА ҶОНИ ХУД
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ кӯшиши даст ба худкушӣ задан бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Конибодом, Ашт, Ҷаббор Расулов, ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мушоҳида шудааст. Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 272 ҳодисаи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, 46 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан аз рӯи беморӣ, 56 ҳодиса бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, 22 ҳодиса бо сабаби вазнинии иқтисодӣ ва дар 85 ҳодиса шаҳрвандон бо сабабҳои дигар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҷумлаи худкушикардагон 177 нафар бо роҳи овехтан, 12 нафар бо истифода аз корд, 52 нафар тавассути заҳролудшавӣ, 5 нафар бо роҳи худсӯзӣ, 10 нафар бо роҳи ғарқшавӣ фавтидаанд. Нисбат ба16 нафар барои ба худкушӣ расонидани шаҳрвандон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, баъди анҷоми тафтиш парвандаҳо барои моҳиятан баррасӣ шудан ба суд интиқол дода шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






