541 МИЛЛИОН БА БУҶАИ АГЕНТИИ СУҒУРТА
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 572 млн. 781 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида буд. Дар ин давра ба буҷети Агентӣ 541 млн. 35 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки баробари 94,5 фоизи нақша мебошад. Ҳарчанд фарқият байни талабот ва маблағгузорӣ барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробар дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 15 млн. 691 ҳазор сомониро ташкил дода бошад ҳам, он дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Ташкилоти байналмилалии Асъор то 14 рӯзи кории моҳи октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Агентӣ маблағгузорӣ шудааст. Фақат дар вилояти Суғд ба андозаи 4 млн. 467 ҳазор сомонӣ ва дар вилояти Хатлон ба андозаи 2 млн. 513 ҳазор сомонӣ бо сабаби таъмин накардани иҷрои ҷамъоварии андози иҷтимоӣ андозаи талаботи маблағгузоринашуда боқӣ мондааст








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






