АЗ ОЗМОИШИ ҶАҲОНӢ ГУЗАШТ
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба иттилои президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳукматулло Аҳмадов, бо мақсади таҳияи стандарти давлатӣ бори аввал 700 намунаи пашми бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ бо дастгирии ташкилоти ИКАРДА ба озмоишгоҳи ҷаҳонии санҷиши пашм ирсол гардид, ки сифати онҳо ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ дониста шуд. Аз тарафи олимони Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ дар хоҷагиҳои зотпарвар рамаҳои селексионии гӯсфандони зоти ҳисорӣ парвариш шуд. Рамаҳои селексионии гӯсфандони зоти тоҷикӣ, қароқӯлӣ, гурӯҳи маҳинпашми дарвозӣ ба вуҷуд оварда шуд, ки аз рӯи аломатҳои ирсиву маҳсулнокӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи хоҷагӣ 15 – 20 фоиз беҳтаранд.








Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд






