БАСТАШАВИИ МАҶРОИ ВАХШ

Ноябрь 23, 2010 16:33

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҷараёни  пурра бастани пеши роҳи дарёи Вахш барои сохтани дарғоти НБО-и  Сангтӯда-2  26 ноябр оғоз ёфта,  28 ноябр хотима меёбад. Ҳамин тавр, ҷараёни  бунёди   дарғоти НБО-и  Сангтӯда-2  оғоз ёфт ва он чун дарғоти НБО-и  Сангтӯда-1 аз қуму шағал сохта мешавад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд. Тибқи маълумоти сарчашма  дар ин рӯзҳо ба сокинони мамлакат нерӯи барқ мувофиқи реҷаи маъмулӣ дода мешавад.Ҷараёни мазкур ба фаъолияти муназзами НБО-ҳои дар дарёи Вахш ҷойгирбуда –Сангтӯда-1, Бойғозӣ ва Норак таъсир намерасонад. Манбаъ ҳамчунин зикр намуд, ки қатъи нерӯи барқи як қатор ноҳияҳои кишвар ба раванди мазкур робита надорад.  Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2006 низ барои сохтани дарғоти НБО-и  Сангтӯда-1 пеши роҳи дарёи Вахшро бастанд, ки вобаста ба он  дар интиқоли нерӯи барқ ба  сокинони ҷумҳурӣ   меъёри шадид муқаррар гардида буд. Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи сохтмони НБО-и  Сангтӯда-2  20 феврали соли 2006 барпо гардид. Бунёди НБО-и  Сангтӯда-2  бо иқтидори 220 мВт лоиҳаи якҷояи  Тоҷикистону Эрон мебошад. Пудратчии генералии иншооти мазкур ширкати эронии «Сангоб» мебошад. Ҳукумати Эрон  вазифадор гардидааст, ки барои сохтмони ин иншоот  ба маблағи 180 миллион доллар қарз ҷудо намояд. Дар назар аст, ки иншооти мазкур то соли 2011 ба истифода дода мешавад.  НБО-и  Сангтӯда-2  зинаи поёнии силсиланерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда ба ҳисоб рафта, дар реҷаи муайян бо НБО-и  Сангтӯда-1 фаъолият менамояд.

Ноябрь 23, 2010 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид