БЕҲБУДИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ ДАР ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ
Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Солҳои охир ҳамкории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо макотиби олии хориҷии дуру наздик дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва илму фарҳанг ривоҷ меёбад. Аз ҷумла, бо Донишгоҳи аграрии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии аграрии Русия, Донишгоҳи аграрии Шветсия, Донишгоҳи илмӣ- амалии Олмон шартномаҳои тарафайн ба имзо расидаанд. Тибқи иттилои манбаъ, мақсади асосии шартномаҳои тарафайн беҳтар намудани сифати таълим ва ба роҳ мондани табодули омӯзишии ҳайати профессорону устодон, аспирантон ва донишҷӯён мебошад. Тавассути омӯхтани таҷрибаҳои якдигар ва тадбиқи онҳо имкон пайдо мегардад, ки раванди таълим дар заминаи омӯзиши барномаҳои таълимӣ дар Донишгоҳ беҳтар гардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






