БОЗГАШТИ ДОНИШҶӮЁНИ ҒАЙРИРАСМӢ

Ноябрь 23, 2010 14:31

     Душанбе, 23 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 120 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба таври ғайрирасмӣ дар Донишгоҳҳои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон  баргардонида шуданд. Назар ба иттилои мудири шӯъбаи таҳсилоти Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Идибек Зиёев,  ин донишҷӯён ба таври ғайрирасмӣ дар Донишгоҳҳои исломии Шӯрамалик ва Зоҳидон таҳсил мекарданд. То имрӯз аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ҳудуди 400 нафар донишҷӯ оварда шудааст.       Инчунин, аз Донишгоҳи «Ал-Азҳар»-и Миср 134 нафар, аз донишгоҳҳои Покистон 204 нафар донишҷӯ ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд.      Идибек Зиёев афзуд, ки дар маҷмӯъ бояд ба Тоҷикистон беш аз 1000 нафар донишҷӯёне, ки ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, баргардонида шаванд. Хароҷоти бозгашт ба ватан аз ҳисоби донишҷӯён пардохта мешавад.       Зимни посух ба савол, ки донишҷӯёни тоҷик баъди бозгашт ба ватан дар  куҷо таҳсилашонро идома медиҳанд Идибек Зиёев гуфт, ки донишҷӯён бевосита ба Вазорати маорифи ҷумҳурӣ муроҷиат карда, вобаста ба бахш ва сатҳи тахассусиашон дар дилхоҳ шӯъбаю факултаҳои Донишгоҳҳои Тоҷикистон  таҳсилашонро идома медиҳанд. Яъне,  дар ин масъала ягон мамониат ва мушкилӣ  ҷой надорад. Барои овардани  донишҷӯёни тоҷик ба кишвар Кумитаи дин ва дигар мақомоти марбута дар ҳамкорӣ фаъолият мекунанд.     Мавриди зикр аст, ки масъалаи ба Тоҷикистон баргардонидани донишҷӯёну ҷавонон тоҷик, ки бо роҳҳои гуногун ва ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, зимни вохӯрию мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони бархе аз ноҳияҳои кишвар тобистони соли ҷорӣ матраҳ гардида буд. Ҳадафи ин тадбир ҷилавгирии ҷавонони тоҷик аз баъзе зуҳуроти номатлуб, хусусан гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротию тундгаро мебошад.

Ноябрь 23, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст