ЧОРВО ЗИЁД-РӮЗГОР БЕҲ

Ноябрь 18, 2010 09:38

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Чорводорӣ    соҳаи  асосии кишоварзӣ  маҳсуб ёфта,  аҳолиро  бо маҳсулоти озуқа, аз қабили гӯшт, шир, тухм, асал ва саноатро бо ашёи хом таъмин менамояд.    Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти  ҶТ,  дар давоми моҳҳои январ – октябри соли 2010 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1млн. 844 ҳазору 462 сар чорвои калон, 4 млн. 422 ҳазору 687 сар гӯсфанду буз, 76 ҳазору 167 сар асп, 4 млн. 366 ҳазору 413 сар парранда ба қайд гирифта шудааст.   Дар ин давра 88 ҳазору 79 тонна гӯшт, 44 ҳазору 489 тонна шир, 16 млн. 290 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.    Бино ба маълумоти Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ, дар ин давра саршумори чорвои калон ба миқдори 27 ҳазору 509 сар, бузу гӯсфанд  177 ҳазору 91 сар, асп 649 сар ва  парранда 405 ҳазору 893 сар зиёд шудааст.    Ҳамаи ин   бозгӯи он аст, ки соҳаи чорводорӣ сол то сол дар ҷумҳурӣ  рушд  ёфта, яке аз соҳаҳои сердаромад ва муҳим дар ҳаёти иқтисодии сокинони ҷумҳурӣ  боқӣ мемонад.                        

Ноябрь 18, 2010 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид