ДЕҲҚОН БОШӢ, ШУДГОР КУН!
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кишоварзони ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 202 ҳазору 250 га кишти тирмоҳии зироатҳои ғалладона ва сабзавоти барвақтӣ гузаронанд,- хабар доданд аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба маълумоти расмии вазорат, то 10 – уми ноябри соли 2010 майдони 89 ҳазору 107 га шудгор ва дар майдони 57 ҳазору 600 га кишти тирамоҳии зироат ва сабзавоти барвақтӣ гузаронида шудааст, ки мутаносибан ба 44 фоиз (шудгор) ва 28, 5 фоиз (кишт) баробар аст. Бо вуҷуди он ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2009 мутаносибан 19 ҳазору 966 га (шудгор) ва 6 ҳазору 387 га (кишт) зиёд аст, аммо мӯҳлати шудгору кишти тирамоҳӣ дар вақти муқарраршуда ба охир намерасад. Ин амали деҳқонон ба баланд бардоштани ҳосил ва гузоштани замина барои соли 2011 таъсири манфӣ хоҳад расонд. Айни ҳол мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки барои анҷоми шудгор ва кишти тирамоҳӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд, зеро дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «Деҳқон бошӣ, шудгор кун!»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад






