ДУШАНБЕ ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Ноябрь 3, 2010 09:28

Душанбе, 3 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр таҷлил мегардад,  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд.       Тибқи он 6 ноябр аз соати 10 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» сайругашти оммавии шаҳрвандон ва баромади дастаҳои ҳунарӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил карда мешавад. Инчунин, дар ҳамон рӯз соати 16 дар Амфитеатр консерти идона бо иштироки устодони санъат ва ҷавонони эҷодкори шаҳри Душанбе баргузор мегардад.       Мавриди зикр аст, ки алҳол хиёбону майдонҳои шаҳр бо шиору овезаҳо, ки таҷассумгари омодагии пойтахт ба таҷлили Рӯзи Конститутсия мебошад, оро дода шудаанд.         Инчунин,  ташкили намоишгоҳи китобҳо ва баргузории конференсияи илмӣ- адабӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳӯтӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар назар дошта шудааст.         Тавре котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе  Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар асоси ин қарор муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт   вазифадор шудаанд, ки дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.  

Ноябрь 3, 2010 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ