Э.PАҲМОН ЭЪТИМОДНОМАҲОИ САФИРОНИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶРО ҚАБУЛ НАМУД
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фақулодда ва мухтори 11 давлати хориҷӣ дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд. Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафирони Ҷум?урии Мисри Араб Муҳаммад ал-ҳадидӣ, Ҷумҳурии Арабии Яман Муҳаммад ал-ҳилолӣ, Ҷумҳурии Алҷазоир Рамдан Мекдуд, Судон Муҳаммад Заруг, Қирғизистон Урмат Саралаев, Финландия хонум Туула Юреля, Словения Хонум Ада Сливник, Боснияву Гертсеговина Эмир Кадонич, Куба Абелардо Феррера, Бангладеш Хандакар Абдусаттор ва Муғулистон Хаваавчийн Аюрзан тақдим намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, ки баъди маросими қабули эътимодномаҳо сурат гирифт, аз ҷумла аз авлавиятҳои мавҷуда дар муносиботи дуҷониба бо давлатҳои номбурда ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки сафирони нави ин кишварҳо баҳри таҳким ва густариши равобити дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд. Онҳо низ дар навбати худ изҳор доштанд, ки баҳри рушди муносиботи судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






