ГАНДУМИ БА ШАРОИТИ ПОМИР МУВОФИҚ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти пойгоҳи илмию тадқиқотии кишоварзии Помир, дар асоси таҷрибаи дар соли 2009 -2010 гузаронидаи олимон муайян шуд, ки дар ноҳияи Рӯшон гандуми навъҳои «Стекловидная -24» ва «Атоӣ» дар баландии 1800 метр аз сатҳи баҳр ба зимистони қаҳратуни ин мавзеъ тоб оварда метавонад. Олимон дар 5 га замин тирамоҳи соли 2009 ин навъҳои гандумро кишт намуданд. Ин навъҳо дар зимистони соли 2009 – 2010 ба хунукии 25 – 30 дараҷа ва қабати 1 метру 20 см барф тоб оварда, баъди обшавии барф хуб нашъунамо намуда, аз ҳар гектари он то 3,5 тонна ҳосили гандум ба даст оварда шуд. Олимон барои ҳамаи ноҳияҳои Бадахшон кишти ин навъҳои гандумро тавсия додаанд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






