ГУФТУГӮИ ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МАРДУМОНИ ИДМ

Ноябрь 9, 2010 12:11

Маскав,  9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).-  Имрӯз  дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Форуми VI  байналмилалӣ таҳти унвони «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои ИДМ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар асри XXI» баргузор мегардад. Ташкилкунандагони ин форум Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав бо дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ мебошанд. Чорабинии мазкур ба 20-умин   солгарди  ИДМ бахшида шуда, дар шакли машварати нақшавӣ ва ҷаласавӣ мегузарад.Дар машварати нақшавии он раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи  ИДМ Сергей Лебедев баромад менамояд. Зимни ҷаласа иштирокчиёни форум соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ,иҷтимоӣ ва фарҳангии фазои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ ва СҲШ; гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳо дар шароити фазои гуманитарии бисёрзабонӣ; воситаи байни одамон ва байналмилалӣ будани забони русӣ; маълумоти динӣ-маънавӣ ҳамчун гуфтугӯи байни мактабҳои омӯзишии дунявӣ ва динии давлатҳои узви ИДМ ва СҲШ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.  Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби форуми мазкур намоиши маводи омӯзишӣ ва китобҳо дар бораи забон ва фарҳанги мардумони узви ИДМ, ки аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи  забонҳои  ИДМ-и Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав пешниҳод шудааст,  баргузор мегардад. Пагоҳ, 10 ноябр дар чаҳорчӯби Барномаи баланд бардоштани савияи дониши ҷавонони эҷодкори давлатҳои узви ИДМ ва СҲШ аз ҷониби  омӯзгорони забон ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав  видеоконфронсҳо ва  семинарҳои илмӣ-методӣ гузаронида мешавад.    Бояд гуфт, ки дар форум арбобони сиёсӣ, намояндагони ҳокимияти давлатӣ ва иҷроия, вазорату идораҳо, депутатҳои парлумон, ректорони макотиби олӣ иштирок доранд.  Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд.  

Ноябрь 9, 2010 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ