ИҶРОИ НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар вилояти Суғд аз майдони умумии кишти картошка (5449 га) 4 ҳазору 500 га картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2009 500 га зиёд аст. Тибқи дурнамои хоҷагиҳои картошкапарварии вилоят, соли 2010 истеҳсоли картошка бояд ба 98 ҳазору 745 тонна расонида шавад. Картошкапарварон аллакай 102 ҳазору 213 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробари 104 фоизи нақшаи солона мебошад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, картошкапарварон ҳосили картошкаро аз ҳар гектар ба 227,6 сентнерӣ расониданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин миёни ҳама картошкапарварон дониста шудааст. Дар ин рӯзҳо ҳосили охирин гектарҳои картошка ҷамъоварӣ мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






