ИМЗОИ ҲУҶАТТҲОИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз зимни сафари расмии Раиси Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Вэн Тзябао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санади муҳим имзо карда шуд. Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Раиси Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Вэн Тзябао баёнияи муштараки ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитойро имзо карданд. Инчунин, Созишномаи ҳамкории Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи гузаронидани корҳои муштараки омӯзишии геологии ҳудудҳои наздисарҳадии харду мамлакат имзо карда шуд. Созишномаи мазкурро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифив а вазири корҳои хориҷии Хитой Ян Тзечӣ имзо карданд. Ғайр аз ин, Протокол оид ба кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой барои сохтмони бинои мактаб дар яке аз деҳоти ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз тариқи мубодилаи ёддоштҳо), ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи назорати фаъолияти бонкии Ҷумҳурии Халқии Хитой, созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати интиқоли қувваи барқи 220 КВ “Хуҷанд — Айнӣ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Хитой, Созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба давраи дуюми марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе — Кулма” (сарҳади Тоҷикистон-Хитой) дар қитъаи Душанбе-Данғара байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Хитой ба имзо расиданд. Раиси Шӯрои Давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Вэн Тзябао баъди анҷоми сафараш ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Пекин рафт.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






