КОДЕРА КИЁШИ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар назар аст, ки сафари ноиби президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Кодера Киёши ба Тоҷикистон рӯзҳои 8-10 ноябри соли ҷорӣ ҷараён мегирад. Зимни сафар Кодера Киёши бо роҳбарон ва дигар шахсони расмии Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор вохӯриҳоро анҷом медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар назди Ҳукумати Ҷопон фаъолият намуда, татбиқи кӯмакҳои расмии барои рушди давлатҳои дӯст равонашударо назорат менамояд. Агентии мазкур 1 октябри соли 2008 дар натиҷаи якҷояшавии Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ташкил шудааст. Вазифаи асосии ин ташкилот ба давлатҳои рӯ ба рушд фиристодани коршиносони ботаҷриба ва масъулиятноки Ҷопон, ки ба талаботи ин давлатҳо ҷавобгӯянд, мебошад.Агентии мазкур барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо ин давлатҳоро бо технологияи муосир таъмин менамояд. Агентии Ҷопон, ҳамчунин гурӯҳҳои махсуси мутахассисонро барои омӯзиш, тайёрӣ ва коркарди нақшаи инкишофи давлатҳои рӯ ба рушд равона месозад.Агентӣ барои давлатҳои сусттараққикарда лоиҳаҳои грантӣ барои сохтмони мактабҳо, беморхона ва дигар объектҳо пешниҳод менамояд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






