КОНСТИТУТСИЯ- РОҲНАМОИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Ноябрь 4, 2010 15:14

Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар Донишкадаи  давлатии санъати Тоҷикистон ба номи устод  Мирзо Турсунзода бахшида  ба 16-умин солгарди Конститутсия  (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷамъомад устодону шогирдони ин муассисаи бонуфузи фарҳангӣ ҳузур доштанд. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишкадаи мазкур, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов ҳусни оғоз бахшид. Сипас, дар назди ҳозирин номзади илмҳои фалсафа, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Абдураҳмон Қурбонов дар бораи бобҳои алоҳидаи Конститутсия ҳарф зада гуфт, ки Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои давлати соҳибистиқлол дар рушду ободӣ ва оромии кишвар нақши муассир дорад. Дар охир байни устодон ва донишҷӯён дар бораи бобҳои алоҳидаи Сарқонун саволу ҷавоб доир гардид.

Ноябрь 4, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад