КОРКАРДИ ЗАРИ САФЕД ДАР «ЗАРХАМ»
Кӯлоб, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зархам» — и ноҳияи Кӯлоб, ки дар ҳудуди хоҷагии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир аст, дар баробари пахтаи хоҷагии мазкур маҳсулоти дигар хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Даҳанаро низ бо сифати баланд коркард намуда, ба хоҷагиҳо бармегардонад. Айни замон дар анборҳои корхона миқдори зиёди пахта захира шуда, ҳамчунин ҳамарӯза аз хоҷагиҳо пахта қабул мешавад. Бояд гуфт, ки таҷҳизоти корхона дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, маҳсулоти воридгардидаро зина ба зина коркард менамояд. Имсол боло рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ҳавасмандии марди деҳқонро зиёд намуд ва кишоварзон бо истифода аз боду ҳавои мусоид мекӯшанд ҳосили парваридаи хешро пурра ҷамъоварӣ намоянд. Вобаста ба ин меъёри ворид шудани пахта ба корхонаи «Зархам» низ афзуд ва мутахассисон мекӯшанд, ки дастранҷи марди деҳқонро саривақт ва бо сифати олӣ коркард намоянд. Дар корхона мутахассисони соҳа фаъолиятро дар ду баст ба роҳ мондаанд. Музди миёнаи маоши коргарон 380 сомониро ташкил дода, сари вақт пардохта мешавад. Роҳбарияти корхона иброз доштанд, ки аз ҳисоби пардохти музди меҳнат ва истифодаи барқ қарздор нестанд. Қарзи андоз ва ҳифзи иҷтимоӣ пурра пардохт шудааст. Аз ҳисоби фурӯши нахи пахта ба буҷаи маҳалӣ то имрӯз 400 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст ва ин рақам дар моҳҳои оянда ду баробар зиёд мешавад








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






