М. НЕЪМАТОВ-РАИСИ ШӮРОИ ҶАВОНОНИ ИДМ
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мутобиқи нақшаи кори Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 21-22 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон К.Ҷӯраев иштирок намуд. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз ҷумла, фаъолияти Шӯро дар соли 2010, лоиҳаи Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон, таҳияи нақшаи татбиқи Стратегияи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон, оид ба ҷаласаи коршиносон вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни кишварҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, дар бораи Сессияи байналмилалии инноватсионии ҷавонон, оид ба татбиқи лоиҳаи байнидавлатии «Ғалабаи ҳамаи мо» ва ғайра мавриди баррасӣ карор дода шуд. Инчунин масъалаи интихоби раиси Шӯро барои соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мутобиқи низомномаи Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои иштирокчии ИДМ ва бо назардошти дар соли 2011 ба ваколати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидани раисӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич Раиси Шӯрои кор бо ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2011 интихоб гардид.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






