МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ

Ноябрь 9, 2010 09:20

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои муовини аввали директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев, корхонаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани вазъи техникии худ тибқи қарзи имтиёзнок харидани зиёда аз 200 адад техникаи махсуси коммуналӣ бо иттиҳодияи «Сюан — Юан»- и Ҷумҳурии Мардумии Чин Меморандуми ҳамкории дарозмуддат ба имзо расонид. Мӯҳлати амалишавии он 3 сол аст.             Ҷиҳати тадбиқи амалии Меморандум шартномаи хариди техника омода  шудааст.             Боис ба ёдоварист, ки аз 475 техникаи махсуси коммуналӣ 175 адади он корношоям аст. Корхона бо 70 фоизи техникае, ки мӯҳлати истифодабарии он кайҳо гузаштааст, кору фаъолият мекунад.              Бо амалӣ шудани шартномаи мазкур фаъолияти корхона самараи бештар оварда, вазъи хизматрасонӣ беҳтар хоҳад шуд.  

Ноябрь 9, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид