МОЛҲОИ ФОРСУ ХУРОСОН ДАР ДУШАНБЕ

Ноябрь 13, 2010 11:37

     Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз дар «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарону намояндагони мақомоти тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон иштирок карданд.      Муҳаммад Умронӣ мудири ширкати баргузории намоишгоҳҳои Эрон — «Сурӯши Хуросон» дар мусоҳиба ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар намоишгоҳ 75 ширкати саноатӣ аз  устонҳои Теҳрон, Хуросон, Форс, Исфаҳон, Хузистон ва Гулистон ширкат дошта, маҳсулоти гуногуни истеҳсолнамудаи худро ба намоишгоҳ гузоштаанд.       Мавсуф афзуд, ки ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон мебошад. Ҳамзамон, он дар муаррифии молу маҳсулоти саноатии ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон,  ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ  ва дар дар заминаи он ташкили корхонаҳои  муштарак саҳми муносиб мегузорад.          Намоишгоҳ то 17 ноябр идома меёбад.

Ноябрь 13, 2010 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст