МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО А.БОРТНИКОВ

Ноябрь 10, 2010 09:12

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ«Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия Александр Бортниковро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама, дар самти таҳкими амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилооти фаврӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Русия дар ин самти ҳамкорӣ шарикони табиии стратегӣ мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Ноябрь 10, 2010 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд