МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОЗА ОТУНБОЕВА
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 25 ноябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки интихоботи парлумонии Қирғизистон дар фазои орому осудаи сиёсӣ баргузор гашт, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: — «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори оромию субот дар Қиғизистони ҳамсоя буд ва мемонад». Роза Отунбоева ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташкили хуб ва дар сатҳи хеле баланд барпо намудани ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва муҳайё кардани шароити мусоид барои баррасии масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори сипос намуд. Ба сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва заминаи мусоиди қарордодӣ-ҳуқуқии он баҳои баланд дода, сарони ду давлат таъкид бар он доштанд, ки сохторҳои дахлдори ҳарду ҷониб бояд барои истифодаи босамар аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду талош намоянд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили вобаста ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи ба ҳам мувофиқ доранд. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






