НАМОЯНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН БА КИШИНЁВ РАФТАНД

Ноябрь 24, 2010 11:54

     Душанбе, 24 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мушоҳида аз ҷараёни  интихоботи пешазмӯҳлати парлумонии Молдова 24 ноябр ба Кишинев рафтанд. Ҳайати намояндагони ҷумҳурӣ, ки аз сармутахассиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Ёқубҷон Мадумаров ва раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов иборат аст,  ҷараёни баргузории  интихоботи  парлумониро дар ин кишвар, ки 28 ноябри соли 2010 баргузор мешавад,  мушоҳида мекунанд.       Тибқи иттилои роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, намояндагони Тоҷикистон  дар ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо интихоботи  пешазмӯҳлати парлумониро дар Молдова назора менамоянд. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Молдова иттилоъ медиҳад, ки  дар интихоботи пешазмӯҳлати парлумонӣ 20 ҳизб ва 20 номзади мустақил иштирок менамояд. Дарозии варақаи интихоботии интихоботи парлумонии пешазмӯҳлат дар Молдова қариб як метрро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки парлумони даъвати қаблии Молдова бо он сабаб барҳам дода шуд, ки аз ӯҳдаи интихоби Президенти нав баромада натавонист.  

Ноябрь 24, 2010 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?