НАМОЯНДАИ СММ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ба Тоҷикистон директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов меояд. Тавре аз маркази матбуоти Агентӣ оид ба назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ хабар доданд, сафари Ю. Федотов аз 29 ноябр оғоз ёфта, 1 декабр анҷом меёбад. «Мақсади сафари Ю. Федотов муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда бо Ҳукумати ҶТ дар кори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад»,- зикр намуд манбаъ. Зимни сафари хеш директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ бо вазирону дигар шахсони баландмартабаи ҷумҳурӣ якчанд вохӯрӣ гузаронида, ҳамчунин аз марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дидан менамояд ва дар қаламрави давлати Афғонистон бо роҳбарони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ вомехӯрад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






