ОМОДАГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЛАНД АСТ
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 23 ноябр Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва котиби генералии СҲШ Муротбек Имоналиев масъалаҳои ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои сардорони ҳукуматҳои (сарвазирон) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро баррасӣ намуданд. Дар рафти мулоқот М. Имоналиев омодагии Тоҷикистонро барои гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд. Ҳ. Зарифӣ ва М. Имоналиев масъалаи фаъолияти СҲШ, дурнамои рушд ва амаликунии лоиҳаҳоро дар алоҳидагӣ бо мақсади баланд бардоштани манфиати ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви Созмон баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, амнияти минтақа ва вазъи Афғонистонро муҳокима карданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






