ОМОДАГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЛАНД АСТ

Ноябрь 24, 2010 11:46

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- 23 ноябр Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва котиби генералии СҲШ Муротбек Имоналиев масъалаҳои ҷаласаи дар пешистодаи Шӯрои сардорони ҳукуматҳои (сарвазирон) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро баррасӣ намуданд.             Дар рафти мулоқот М. Имоналиев омодагии Тоҷикистонро барои гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ намуд. Ҳ. Зарифӣ ва М. Имоналиев масъалаи фаъолияти СҲШ, дурнамои рушд ва амаликунии лоиҳаҳоро дар алоҳидагӣ бо мақсади баланд бардоштани манфиати ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви Созмон баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо, ҳамчунин, масоили ҳамкориҳои минтақавӣ, амнияти минтақа ва вазъи Афғонистонро муҳокима карданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.

Ноябрь 24, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад