ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАРИН ДАР ҶАҲОН

Ноябрь 24, 2010 11:13

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди поягоҳи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Ба рўзи ҷашни Парчами давлатии Тоҷикистон рост омадани маросими тантанавии  бунёди поягоҳи Парчам ва майдони бошукўҳи назди он оғози накуе гашт аз тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди навбатии ин санаи фархундаи таърихӣ. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлўи чапи Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон ва майдони бошукўҳи наздаш гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид. Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин ҷо ба 165 метр бардошта хоҳад шуд ва ин, тибқи иттилои ҳолдонон, баландии рекордӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр хоҳад буд. Пояи  Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот (Trident Support) бунёд меёбад. Мўҳлати анҷоми кор аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни Наврўзи соли оянда таъин гардид. Хоттиррасон бояд намуд, ки чанде пеш дар паҳлўи рости Қасри миллат бунёди Нишони давлатии Тоҷикистон огоз ёфта буд, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр хоҳад буд. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ бояд дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлўи қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза зам намоянд. Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе Қасри миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишин шомил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари азизи мо табдил хоҳад ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо сифати баланд ва тарҳу намои зебою дилангез бунёд кардани рамзҳои пурарзиши давлатдории миллӣ ва ҳамчунин ободу зебо намудани атрофи онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 24, 2010 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ