ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАЛАНДТАРИН ДАР ҶАҲОН
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди поягоҳи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Ба рўзи ҷашни Парчами давлатии Тоҷикистон рост омадани маросими тантанавии бунёди поягоҳи Парчам ва майдони бошукўҳи назди он оғози накуе гашт аз тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди навбатии ин санаи фархундаи таърихӣ. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлўи чапи Қасри миллат санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи бунёди Парчами давлатии Тоҷикистон ва майдони бошукўҳи наздаш гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид. Парчами давлатии Тоҷикистон дар ин ҷо ба 165 метр бардошта хоҳад шуд ва ин, тибқи иттилои ҳолдонон, баландии рекордӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Баландии худи парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноияш 60 метр хоҳад буд. Пояи Парчами давлатӣ бо чунин баландӣ аз ҷониби бинокорони корхонаи Алюминсохтмон ва ширкати байналмилалии Трайдент Саппот (Trident Support) бунёд меёбад. Мўҳлати анҷоми кор аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни Наврўзи соли оянда таъин гардид. Хоттиррасон бояд намуд, ки чанде пеш дар паҳлўи рости Қасри миллат бунёди Нишони давлатии Тоҷикистон огоз ёфта буд, ки баландии он бо зерпояаш 45 метр хоҳад буд. Парчами боҳашамати давлатии Тоҷикистон бо Нишони давлатӣ бояд дар арафаи ҷашни 20 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ду паҳлўи қасри миллат қомат афрохта, ба маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва фарҳангии кишвар дар маркази пойтахт ҳусну намои тоза зам намоянд. Бояд таъкид намуд, ки ба маҷмааи биноҳои маъмурию фарҳангӣ дар маркази шаҳри Душанбе Қасри миллат, пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Театри миллии Тоҷикистон, биноҳои нави Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Боғи устод Рўдакӣ ва Боғи марказӣ бо ҳавзи бузург ва гулгаштҳои зебою дилнишин шомил мегарданд ва ин ҷо ба беҳтарин мавзеи истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари азизи мо табдил хоҳад ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бо сифати баланд ва тарҳу намои зебою дилангез бунёд кардани рамзҳои пурарзиши давлатдории миллӣ ва ҳамчунин ободу зебо намудани атрофи онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад






