ПАРЧАМИ ПАРТАВФИШОНАТ ҶОВИДОН БОД ТОҶИКИСТОН !
Турсунзода, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Сокинони шаҳру ноҳияи Турсунзода рӯзи Парчами миллиро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Тантанаҳои идона бахусус дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр хеле хотирмон ҷараён гирифт. Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов тамоми сокинони шаҳру ноҳияро шодбош гуфта, зикр кард, ки Парчам рамзи давлату давлатдорӣ мебошад ва эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Сипас, варзишгарони шаҳри Турсунзода, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ҷойҳои намоёнро гирифта буданд, маҳорати варзишии худро намоиш доданд. Ҳузури аҳли фарҳанг, парчамҳои хеле зиёду зебо ва шеъру суханҳои пурмазмуну воло меҳри Ватан-Тоҷикистони азизро дар қалби ҳозирин афзун намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






