ПАРЧАМИ ПАРТАВФИШОНАТ ҶОВИДОН БОД ТОҶИКИСТОН !

Ноябрь 25, 2010 16:49

Турсунзода, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-   Сокинони шаҳру  ноҳияи Турсунзода рӯзи Парчами миллиро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Тантанаҳои идона бахусус дар майдони Исмоили Сомонии шаҳр хеле хотирмон ҷараён гирифт. Раиси шаҳри Турсунзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов тамоми сокинони шаҳру ноҳияро  шодбош гуфта, зикр  кард, ки Парчам рамзи давлату давлатдорӣ  мебошад ва эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Сипас, варзишгарони шаҳри Турсунзода, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ҷойҳои намоёнро  гирифта  буданд, маҳорати варзишии худро   намоиш доданд. Ҳузури аҳли фарҳанг, парчамҳои хеле зиёду зебо  ва шеъру суханҳои  пурмазмуну воло меҳри Ватан-Тоҷикистони азизро дар қалби ҳозирин афзун намуд.  

Ноябрь 25, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд