РӮЗҲОИ ГАРМУ ШАБҲОИ ХУНУК
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз 24 то 28 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои гарму камабр боқӣ монда, боридани борон дар назар дошта нашудааст. Ҳарчанд рӯзона ҳарорати ҳаво якчанд дараҷа паст фарояд ҳам, вале вазъ дар умум гарм боқӣ мемонад. Дар мавриди ҳарорати шабона ҳаминро бояд гуфт, ки шабҳо то 2 дараҷа хунук мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази ҳавосанҷии Муассисаи давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева хабар дод. Имрӯз, 24 ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд то 10 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон то 20 дараҷа гарм, дар навоҳии тобеи марказ 19, дар ғарби ВМКБ то 12 дараҷа гарм, дар шарқи ин вилоят то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар Душанбе ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат то 19 дараҷа гарм мешавад.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






